Бино ба ин тарҳ, созмонҳои ғайритиҷорӣ ва расонаҳое агнети хориҷӣ эътироф мешаванд, ки бештар аз 20 дарсади даромадашон аз хориҷ таъмин мешавад.
Созмонҳо ва расонаҳо вазифадор мешаванд, ки довталабона ба Оҷонси миллии феҳристи оммавӣ муроҷиат ва худро ҳамчун агенти хориҷӣ сабти ном кунанд. Дар сурати саркашӣ кардан аз сабти ном қариб 9,5 ҳазор доллар ҷарима хоҳанд шуд.
Президенти Гурҷистон Саломе Зурабишвили гуфт, ба ин тарҳ вето мегузорад. Бо ин вуҷуд вай афзуд, ҳизби ҳоким дар порлумон метавонад, ветои президентро нодида бигирад. "Ветои ман - ин садои мардум аст ва ин садо бояд шунида шавад", - гуфт вай.
Ин дар ҳолест, ки шаҳрвандони мухолифи ин тарҳ бо нишони эътироз назди порлумони Гурҷистон дар шаҳри Тифлис ҷамъ меоянд. Вазорати умури дохилии Гурҷистон хабар дод, 11 иштирокчии эътирозҳоро боздошт кардааст.
Ба иттилои вазорат, дар натиҷаи задухӯрди эътирозгарон бо пулис як корманди ин ниҳод осеб дида, ба бемористон интиқол ёфтааст.
Раҳбари Ҳизби "Girchi-Meti Tavisupleba"-и Гурҷистон Зураб Ҷапаридзе гуфт, онҳое, ки дар назди бинои порлумон боздошт гаштанд, латтукӯб шудаанд.
Ба гуфтаи ӯ, эътирозгаронро гуруҳӣ латтукӯб кардаанд. Тазоҳургарон мегӯянд, кормандони пулис, бидуни огаҳӣ, аз ҷумла зидди рӯзноманигорон ҳам аз нерӯ истифода кардааст.
Ҳазорҳо нафар шоми 15-уми апрел дар назди порлумони Гурҷистон эътироз карданд. Онҳо ба лоиҳаи ислоҳшудаи қонун "Дар бораи агенти хориҷӣ" мухолифанд. Дар пайи бархӯрди эътирозгарону полис камаш 14 кас боздошт шуда буд. Бино ба хабарҳо, то дирӯз дасти кам 25 эътирозгарро дастгир кардаанд.
Мухолифони лоиҳа дар Гурҷистон таъкид мекунанд, ки тасвиби қонун даҳони дигарандешонро баста, матбуоти озодро нобуд мекунад. Ба қавли онҳо, ин санад ба қонуни "агенти хориҷӣ" дар Русия монанд аст, ки фаъолияти созмонҳои ғайридавлатиро дар он кишвар ба таври ҷиддӣ маҳдуд кардааст.