Ссылки доступа

Келини пешини Назарбоев 7 сол зиндонӣ шуд


Додгоҳе дар шаҳри Остона Гулмира Сатибалдӣ, ҳамсари пешини Кайрат Сатибалдӣ, хоҳарзодаи президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро бо ҷурми "ғасби тиҷорат" ва "одамрабоӣ" 7 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Ӯ ҳамчунин аз мукофоти давлатии "Курмет" маҳрум шуда, вазифадор гаштааст, ки ба ҷабрдида, соҳибкор Турсен Алагузова беш аз $15 миллион ҷуброн пардозад.

Тибқи иттилои муфаттишон, Сатибалдӣ гӯиё Алагузоваро маҷбур кардааст, ки аз 43 дарсади саҳмияҳои ширкати худ -- "Galanz bottlers" даст кашад. Муфаттишон гуфтаанд, Сатибалдӣ ба Алагузова фишори равонӣ ва моддӣ овардааст.

Сатибалдӣ низ ба он айбдор дониста шуда, ки Ойгул Мекешеваро рабуда, маҷбур сохтааст, ки аз ширкати "Maxi Bottlers" даст кашида, онро ба номи ӯ гузаронад.

Ҳамроҳи Сатибалдӣ ду зердасташ Мади Батиршаев ва Рашид Утебеков бо ҷурми одамрабоӣ ва ғасби тиҷорат 7 ва 5 сол зиндонӣ шудаанд. Худи Сатибалдӣ ҳамаи иттиҳомро дар додгоҳ рад карда, парвандаи худро "сиёсӣ" номидааст.

XS
SM
MD
LG