Ссылки доступа

Ҳамсари Каримовро иҷозат надодаанд, бо духтараш дар зиндон мулоқот кунад


Татяна Каримова, ҳамсари президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов мегӯяд, ба ӯ иҷозат надоданд, ки бо духтараш Гулнора Каримова дар зиндони занона мулоқот кунад.

"Набераам Имонро, ки 25-сола мешавад, бо рӯзи зодрӯзаш табрик мегӯям. Барояш, хушбахтӣ, муҳаббат ва ғамхории наздикону пайвандонро таманно мекунам. Мутаассифона, ин рӯзи зебо дар зери соя монд. Маро иҷозат надоданд, ки бо духтарам Гулнора дар зиндон мулоқот кунам", - навиштааст Татяна Каримова дар шабакаи иҷтимоии "Instagram" 17 июн.

Гулнора Каримова соли 2015 ба 5 соли зиндон маҳкум шуд. Ӯро дубора соли 2020 бо айби "ғорати маблағҳои буҷаи Узбекистон ва бастани шартномаҳо бар зарари Узбекистон, инчунин аз худ кардани амволи дигарон бо роҳи тамаъҷӯӣ" ба 13 солу 4 моҳи дигар маҳкум карданд.

Расонаҳо ахиран хабар доданд, ки Пётр Каримов, писари Ислом Каримов модарандараш Татяна Каримоваро барои тақсими ба қавли ӯ, ноодилонаи мерос ба додгоҳ кашидааст. Қарор аст, шикояти Пётр Каримов, ки дар Маскав зиндагӣ мекунад, дар додгоҳи Яккасаройи шаҳри Тошканд дар рӯзи 26-уми июн сурат бигирад.

Дар парванда номи Татяна Каримова, ҳамсари Ислом Каримов ва Пётр Каримов, зикр шудааст, аммо маълум нест, даъво сари кадом мерос мебошад. Пётр Каримови 54-сола писари Ислом Каримов аз ҳамсари аввали ӯ Наталя Кучма мебошад.

Ислом Каримов аз соли 1991 то дами маргаш дар соли 2016 Узбекистонро раҳбарӣ мекард.

XS
SM
MD
LG