Ссылки доступа

Гутерриш гуфт, замони ислоҳот дар Шӯрои амният фаро расидааст


Антониу Гутерриш дар Киев, марти соли 2023
Антониу Гутерриш дар Киев, марти соли 2023

Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш дар саммити "Ҳафтгонаи бузург", ки дар шаҳри Хиросимаи Ҷопон ҷараён дорад, иштирок ва суханронӣ кард.

Ӯ гуфт, дар Шӯрои амнияти СММ ва низоми Бреттон-Вудс бояд ислоҳот гузаронида шавад, зеро онҳо дигар ба воқеиятҳои имрӯз ҷавобгӯ нестанд.

Гутерриш изҳорот дошт, ки ин созмонҳо дар замони таъсиси худ дар соли 1945 ба талаботи ҷаҳон ҷавобгӯ буданд, вале ҳоло ба назари ӯ, куҳна ва бесамар шудаанд.

"Меъмории молиии ҷаҳонӣ куҳна, корношоям ва ноодилона аст. Он ҳангоми рӯбарӯ шудан бо буҳронҳои иқтисодӣ дар натиҷаи пандемияи коронавирус ва ҳамлаи Русия ба Украина натавонист вазифаи аввалиндараҷаи худро иҷро ва ҳамчун шабакаи бехатарӣ барои ҷаҳон амал кунад", - афзуд ӯ.

Гутерриш қаблан сохтори СММ-ро, ки худ онро раҳбарӣ мекунад, танқид карда буд. Ӯ гуфта буд, шӯро натавонист аз рух додани ҷанги Украина пешгирӣ кунад.

XS
SM
MD
LG