Зоирони фавтида аз 52 то 74 сол дошта, сокинони вилоятҳои Андиҷон, Фарғона, Тошканд, Сирдарё, Ҷизах, Сурхандарё ва Хоразми Узбекистон мебошанд. Дар миёнашон 6 зан низ ҳаст.
Мақомоти узбек то ҳол дар ин бора расман изҳори назар накардаанд. Пештар расонаҳои маҳалли Узбекистон иттилоъ дода буданд, ки дар мавсими ҳаҷ 10 зоири ин кишвар ҷон бохтааст.
Дар мавсими ҳаҷҷи фарзии имсола дар шаҳрҳои Макка ва Мадинаи Арабистони Саудӣ беш аз ҳазор кас ҷон бохтааст. Қаблан расонаҳо дар бораи фавти се зоири тоҷикистонӣ ва 18 туркманистонӣ хабар дода буданд.
Хабаргузории русии ТАСС навишт, ки дар ин мавсим 5 нафар аз Русия ҳам ҷон бохтаанд. Сабаби фавти бештари зоирон гармии беш аз 50-дараҷаӣ дар арабистони Саудӣ гуфта мешавад.
Ба иттилои AFP, бештари фавтидаҳо зоирони ғайриқонунӣ ҳастанд, ки ба ёрии тиббӣ ва имтиёзҳои дигар дастрасӣ надоранд. Сабаби
Имсол беш аз 1,8 миллион мусулмон аз гӯшаҳои ҷаҳон барои адои маросими ҳаҷҷи фарзӣ ба Арабистони Саудӣ рафта буданд.