Ссылки доступа

Тоҷикони аз 40 то 65-соларо ба ҳаҷҷи фарзӣ мефиристанд, вале бо нархи гаронтар


Каъба, Арабистони Саудӣ

Пас аз ду соли "танаффус" ба сокинони аз 40 то 65-солаи Тоҷикистон иҷоза додаанд, ки барои адои ҳаҷҷи фарзӣ ба Арабистони Саудӣ бираванд, вале бо харҷи бештар.

Ба иттилои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Тоҷикистон, арзиши имсолаи сафари ҳаҷ тақрибан 61 ҳазор сомонӣ, муодили 5350 доллар, ҳисоб шудааст. Дар соли 2019 беш аз 35 ҳазор сомонӣ (ба ҳисоби онвақта 3750 доллар) буд.

Мақомот дар Тоҷикистон сабаби гаронии нархи ҳаҷро ба маҷмӯи хидматрасониҳое рабт доданд, ки "кишвари мизбон дар мавзеи Мино, Арафот ва Муздалифа пешниҳод мекунад".

Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон, рӯзи 2-юми июн ба Радиои Озодӣ гуфт: "Соли 2019 барои хидматрасонӣ дар Минову Арафот барои ҳар як зоир 236 доллар талаб мешуд. Имсол, бинобар ба эътибор гирифтани чораҳои ҷиддии беҳдоштӣ, кишвари мизбон арзиши хидматрасониҳоро дар Минову Арафот 1424 доллар муайян кардааст."

Сухангӯйи Кумитаи дин сабаби дигари афзоиши харҷи сафарро ба "болоравии арзиши сӯзишворӣ ва хидматрасонии нақлиётӣ" номид.

Имсол нархи сафари ҳаҷ барои сокинони кишварҳои дигар низ афзудааст. Харҷи миёнаи сафари зоирон дар Узбекистон 5650 доллар, дар Русия ҳудуди 6000 доллар ва дар Қазоқистон 6500 доларро ташкил медиҳад. Муфтиёти Қирғизистон нархи имсолаи ҳаҷро 4,5 ҳазор доллар эълон кардааст.

Шароит ва нархи ҳаҷҷи имсола барои шаҳрвандони Тоҷикистон муқаррар шуд
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:35 0:00

Сафари зоирон аз Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ 20-уми июн оғоз шуда, 17-уми июл ба поён мерасад. Бино ба квотаи Арабистони Саудӣ, имсол аз Тоҷикистон 3562 нафар ба ҳаҷ хоҳанд рафт. То давраи пандемия барои Тоҷикистон ҳудуди 6 ҳазор ҷой ҷудо мешуд.

"Бартарӣ ба онҳое дода мешавад, ки соли 2020 барои зиёрати Каъба номнавис шуда буданд, аммо ба сабаби пандемияи коронавирус сафарашон бекор шуда буд," -- гуфт Афшини Муқим.

Сокинони Тоҷикистон ва бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ба сабаби пандемияи коронавирус ду соли охир аз адои ҳаҷҷи фарзӣ маҳрум буданд ё танҳо гуруҳи маҳдуд онро ба ҷо оварданд.

Чанд сол боз дар Тоҷикистон тарғиб мекунанд, ки сокинон маблағи сафари ҳаҷ, яке аз рукнҳои муҳими дини исломро ба сохтмони пулу мактаб ва роҳу иншооти дигари иҷтимоӣ сарф кунанд. Мухолифон ҳукуматро танқид мекунанд, ки бо истифода аз нерӯву пули мардум мушкилоти иҷтимоиро ҳал карданист.

XS
SM
MD
LG