Ссылки доступа

Баҳром Ҳамроев - ҳомии ҳуқуқи зиндонии созмони "Мемориал" аз шиканҷа шудан хабар дод

Бахром Хамроев
Бахром Хамроев

Ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, узви созмони "Мемориал" Баҳром Ҳамроев гуфт, рӯзи 23 январ дар зиндони вилояти Владимири Русия латту кӯб шудааст.

Дар ин бора ҳамсари вай Зуҳро ба расонаҳо хабар дод. Зуҳро аз шавҳараш мактуб дарёфт кардааст.

Баҳром Ҳамроев аз шароити зиндон шикоят ва талаби бартарафсозии қонуншиканиҳоро кардааст. "Зиндонбоне, ки Баҳромро латту кӯб кардааст, ҳамзамон ӯро дашном додааст. Ба сару рӯ ва тахтапушти Баҳром задаанд. Аз зарбае, ки ба сараш задаанд, вай аз ҳуш рафтааст", - гуфт ҳамсари Баҳром Ҳамроев.

Ҳамроевро моҳи феврали соли 2022 боздошт карданд. Ӯро дар даъват ба терроризм ва ташкили фаъолияти созмони террористӣ айбдор карданд. Моҳи майи соли 2023 додгоҳи Русияро Ҳамроевро 14 сол зиндонӣ кард.

XS
SM
MD
LG