Ҳомиёни ҳуқуқ 38 муҳоҷири ҳабашистониеро пурсидаанд, ки талош доштанд тавассути Яман вориди Арабистони Саудӣ шаванд. Муаллифони гузориш ҳамчунин садҳо навори видеоӣ, акс ва тасвирҳои кайҳониро таҳлил кардаанд.
Муҳоҷирони пурсидашуда ба HRW гуфтаанд, марзбонони Саудӣ сӯи онҳо аз силоҳи оташфишон тир кушодаанд. Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони HRW, марзбонон муҳоҷирони зиндамондаро латту кӯб мекардаанд.
Ҳамаи ҳамсуҳбатони HRW гуфтаанд, ҷасади занон, мардон ва кӯдаконро дидаанд.
HRW куштори муҳоҷиронро дар марзи Саудӣ бо Яман аз соли 2014 санадсозӣ мекунад. Шаҳрвадони Ҳабашистон бо сабабҳои иқтисодӣ ва риоя нашудани ҳуқуқи инсон дар кишварашон талош мекунанд, марзи Яманро бо Саудӣ ғайриқонунӣ убур кунанд.
HRW аз Арабистони Саудӣ даъват кардааст, ки "ба таври фаврӣ ва бидуни шарт" аз куштори муҳоҷирон даст кашад.