Ссылки доступа

Сарвазири Гурҷистон аз мақомаш истеъфо медиҳад


Ираклий Ғарибашвилӣ
Ираклий Ғарибашвилӣ

Сарвазири Гурҷистон Ираклий Ғарибашвилӣ рӯзи душанбе эълом кард, ки аз мақомаш истеъфо медиҳад.

Ӯ дар як суханронии кутоҳаш дар шаҳри Тифлис гуфт, бояд ба "дигарҳо" имкон дода шавад, то девони вазиронро раҳбарӣ кунанд.

Ғарибашвилӣ раҳбари ҳизби ҳокими "Орзуи гурҷӣ" боқӣ мемонад. Ба гуфтаи ӯ, замоне фаро расида, ки бояд барои "пирӯзии қатъӣ" дар интихоботи порлумонии кишвараш дар тирамоҳи имсол омодагӣ дида шавад.

Расонаҳо ахиран хабар доданд, ки дар девони вазирони Гурҷистон тағйирот сурат мегирад. Бахши гурҷистонии Радиои Озодӣ иттилоъ дод, ки эҳтимол чанд узви дигари ҳукумати ин кишвар ҳам аз мақомҳои худ канор раванд. Дар ҳоли ҳозир маълум нест, сарвазири нави Гурҷистон кӣ хоҳад шуд.

Ғарибашвилӣ, ки аз моҳи декабри соли 2021 сарвазири Гурҷистон буд, солҳои 2013-2015 низ ҳукумати ин кишварро раҳбарӣ кардааст. Мухолифон ба раҳбарии Михаил Саакашвилӣ вайро дар русиягароӣ муттаҳам мекунанд.

XS
SM
MD
LG