Ссылки доступа

Эрон интиқоли ҳавопаймоҳои бесарнишин ба Русияро эътироф кард


Теҳрон гуфт, ҳавопаймоҳои бесарнишини эронии "Шоҳид"-е, ки Русия бо онҳо ба Украина ҳамла кард, қабл аз ҷанг харидорӣ шуда буданд.

Ба иттилои хабаргузории Reuters, вазири умури хориҷии Эрон Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён гуфтааст, ҳавопаймоҳои бесарнишинро Русия чанд моҳ пеш аз ҳамла ба Украина дарёфт карда буд.

Ӯ ҳамчунин хабарҳо дар бораи онро ки гӯиё Эрон ба Русия аслиҳаи иловагӣ медиҳад, рад кард. Абдуллоҳиён афзуд, агар собит шавад, ки Русия аз ҳавопаймоҳои бесарнишини эронӣ дар ҷанг зидди Украина истифода кардааст, Теҳрон “бетараф нахоҳад монд”.

Киев Маскавро айбдор мекунад, ки боз ҳавопаймоҳои бесарнишини эронӣ ба иншооти ғайринизомӣ ҳамла кардааст. Украина хабар дод, ки низомиёни он тавонистанд беш аз 300 дастгоҳи сохти Эронро дар қаламрави худ, аз ҷумла дар Киев, сарнагун кунанд. Аксҳои ҳавопаймоҳои бесарнишинро ҳам низомиёни Украина ва ҳам сокинони одӣ, ки шахсан ин ҳавопаймоҳоро дидаанд, нашр кардаанд. Ҳамлаҳои бесарнишин танҳо дар тирамоҳи соли 2022 оғоз шуданд.

XS
SM
MD
LG