Нашрияи "The New York Times" бо истинод ба ду мақоми эронӣ хабар додааст, ки интиқоли нимзомҳои дифои ҳавоӣ дар ҷараёни сафари котиби Шӯрои амнияти Русия ва вазири пешини дифои ин кишвар Сергей Шойгу ба Эрон баррасӣ шудааст.
Котиби Шӯрои амнияти Русия дар ҷараёни сафараш ба Теҳрон бо президент ва фармондеҳи неруҳои Эрон дидору гуфтугӯ кардааст.
Ба навиштаи расонаҳои эронӣ, Шойгу гуфтааст, "Русия барои ҳамкории комил бо Эрон дар масъалаҳои минтақавӣ омодааст".
Хабаргузории "Reuters" иттилоъ дода, ки Эрон ҳамчунин тавассути Шойгу аз Русия ҳавопаймоҳои зарбазани "Су-35" дархост кардааст. Аммо маълум нест, ки Маскав розӣ шудааст, ё не.
Исмоил Ҳания, раҳбари сиёсии гуруҳи "Ҳамос", ки дар ИМА ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ эълом гаштааст, 31-уми июл дар Теҳрон кушта шуд.