Ссылки доступа

Дар Эрон эътирозҳо дубора авҷ гирифтанд - духтари 16-солае фавтид, ки баъд аз саркашӣ аз сурудхонӣ дар васфи Хоманаӣ латту кӯб шуда буд


Верховный лидер Ирана аятолла Али Хаменеи
Верховный лидер Ирана аятолла Али Хаменеи

Дар Эрон рӯзҳои истироҳати гузашта эътирозҳо дубора авҷ гирифтанд. Авҷгирии эътирозҳо баъди он сурат гирифт, ки Асро Паноҳии 16-сола дар мактаб нахост, дар васфи роҳбарии маънавии Эрон Алӣ Хоманаӣ шеър хонад ва аз сӯи низомиҳо латту кӯб шуд. Паноҳӣ дар натиҷаи латукӯб фавтид.

Ба навиштаи расонаҳо, ин ҳодиса 13 октябр дар Урдубил, шаҳре дар шимолу ғарби Эрон сурат гирифтааст. Он рӯз низомиҳо ба мактабе, ки Паноҳӣ таҳсил мекард, омада ва аз хонандаҳо талаб кардаанд, дар васфи роҳбари маънавии Эрон шеър хонанд. Чанде аз хонандаҳо ин талабро рад карда ва дар натиҷа аз сӯи низомиҳо латту кӯб ва боздошт шудаанд. Рӯзи 14 октябр Паноҳӣ дар бемористон фавтид.

Мақомоти расмии Эрон масъулияти ин ҳодисаро ба душ нагирифтаанд. Марги Асро Паноҳӣ мавҷи нави эътирозҳоро ба бор овард.

Эътирозҳо дар Эрон пештар дар натиҷаи марги Маҳсо Аминии 22-сола шуруъ шуда буданд. Аминиро дар кӯча пулиси ахлоқ ба далели, ба истилоҳ, бадҳиҷобӣ боздошт карда буд. Хешовандони Аминӣ гуфтанд, вай дар натиҷаи зарбу лат рӯзи 16 сентябр дар беморхона фавтид. Мақомоти Эрон гуфтанд, Аминӣ бемори қалб буд. Занони Эрон дар эътироз ба марги Аминӣ мӯйҳои худро буриданд ва ҳиҷобҳояшонро оташ заданд. Ҳазорон эътирозгар ба кӯча баромада, таҳқиқи марги Аминиро талаб карданд.

Ин эътирозҳо шадидан пахш шуданд.

Ба иттилои созмони Iran Human Rights, то 17 октябр дар натиҷаи эътирозҳои сартосарӣ 215 кас, аз ҷумла 27 кӯдак кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG