Радиои Фардо хабар дода, ки филмсоз Ҷавод Наврӯзбегӣ низ ҳукми ҳамсон гирифтааст. Ҳар дуи онҳо дар "таблиғи мухолифони зидди низоми исломӣ" айбдор эълом карда шудаанд.
Маҳкумшудаҳо аз 20 як ҳисаи муҳлати ҷазо (тақрибан 9 рӯз)-ро баъди ба иҷро дармадани ҳукм дар зиндон сипарӣ мекунанд ва муҳлати боқиро баъди 5 сол адо хоҳанд кард.
Онҳо дар тӯли ин муддат ҳақ надоранд ба "фаъолияти марбут ба ҷинояти содиршуда" машғул шаванд ё бо афроде, ки дар соҳаи синамо кор мекунанд, муошират намоянд.
"Бародарони Лайло" севумин филми бадеии Саид Рустоӣ аст. Он дар 75-умин ҷашнвораи синамои Канн барандаи ҷоизаи байналмилалӣ шуда буд.
Намоиши "Бародарони Лайло" дар Эрон манъ карда шудааст. Мақомоти Эрон дар шарҳи ин қарор гуфтанд, филмсоз ва коргардон бидуни иҷозати расмӣ филмро ба ҷашнвораи байнулмилалӣ пешниҳод карданд ва тибқи талаботи Вазорати фарҳанги Эрон ба он тағйирот ворид накарданд.