Ссылки доступа

Эрон розӣ шудааст, ба Русия бесарнишинҳои бештар диҳад


Эрон розӣ шудааст, Русияро дар баробари ҳавопаймоҳои навини бесарнишин, ки аллакай дар ҷанги Украина истифода мешаванд, бо мушакҳои “замин - замин” таъмин кунад.

Дар ин бора хабаргузории Reuters бо такя ба мақомоти баландпоя ва дипломатҳои эронӣ хабар додааст.

Ба гуфтаи онҳо, тавофуқи фурӯшу интиқоли аслиҳа ба Русия рӯзи 6 октябри имсол дар ҷараёни сафари намояндагони Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ван ва Шӯрои олии амнияти миллии Эрон ба шаҳри Маскав ҳосил шудааст.

Сардори шуъбаи иктишофии Вазорати дифои Украина Кирилл Буданов гуфт, ки Маскав бори нахуст 1750 ҳавопаймои бесарнишин фармоиш дода буд. Аммо ба иддаои ӯ, 70 дарсади онҳоро нерӯҳои Украина сарнагун кардаанд. Буданов афзуд, ки захираи мушакҳои Русия ба таври назаррас кам шудааст.

XS
SM
MD
LG