Ссылки доступа

Эрон зидди президенти Радиои Озодӣ таҳрим ҷорӣ кард


Джейми Флай
Джейми Флай

Мақомоти Эрон президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Ҷейми Флайро шомили таҳримҳо карданд. Вай аз шумори қариб 40 шахси воқеӣ ва ширкате аст, ки Эрон зиддашон таҳрим ҷорӣ кардааст.

Дар хабари вазорати корҳои хориҷии Эрон омадааст, афроди шомили таҳримҳо ҳаққи ворид шудан ба кишварро надоранд ва дар сурати доштани амвол дар Эрон, он мусодира хоҳад шуд.

Моҳи декабри соли 2022 Эрон бахши эронии Радиои Озодӣ ва маҷаллаи фаронсавии Charlie Hebdo-ро шомили таҳримҳо кард. Он замон Флай тасмими Теҳронро "дасткории ҳазёнмонанди ҳақиқат" номида буд.

Мақомоти Эрон ҳукуматҳои ғарбиро дар барангехтани эътирозҳои оммавии зидди ҳукумати Эрон айбдор мекунанд. Эътирозҳое, ки аз моҳи сентябри соли 2022 идома доранд. Мақомоти Эрон садҳо иштирокчии ин эътирозҳоро куштанд, аммо эътирозҳо ҳамоно идома доранд.

Моҳи майи соли гузашта Ҷейми Флайро вазорати корҳои хориҷии Русия шомили таҳримҳои худ карда буд.

XS
SM
MD
LG