Ссылки доступа

Шаш маҳбус барои шиканҷаи Тоҳирҷон Боқиев муҷозот шуданд


Додгоҳи ноҳияи Свердлови Русия ҳукми 6 маҳбусеро, ки дар шиканҷаи ҳамутоқи худ Тоҳирҷон Боқиев дар маҳбаси рақами 6-и Иркутск муттаҳам мешуданд, эълом кард.

Ба иттилои "Заправка 38", ба ҷазои маҳбусон Евгений Лукашенкову Артем Павлов ҳафтсолӣ, Денис Рязантсев 6 сол, Владимир Глухиху Владимир Дудин шашсолӣ ва Юрий Севун 5 соли зиндон зам шудааст.

Онҳо дар таҷовуз ва қасдан расонидани осеби вазнин ба саломатӣ гунаҳкор дониста шудаанд.

Тоҳирҷон Боқиев, ки шаҳрванди Русия буд, ба гуноҳи дуздии силоҳ соли 2019 7 сол зиндонӣ шуда буд. Наргиза Боқиева, хоҳари Тоҳирҷон Боқиев ба бахши русии Радиои Озодӣ гуфта буд, ки маъмурияти маҳбас рӯзи 6-уми феврали имсол аз ӯ хостаанд, ҷасади бародарашро бигирад. Ба ӯ гуфтаанд, ки Тоҳирҷон худро ба дор овехт.

Моҳи феврали соли гузашта додгоҳи Иркутск як раҳбари собиқи зиндон ва ду ҳамкори ӯро ба иттиҳоми даст доштан дар лату кӯб, шиканҷа ва таҷовуз ба номуси Боқиев дар моҳи январи соли 2021 ба панҷ соли зиндон маҳкум кард.

Хадамоти федеролии иҷрои ҷазои Русия (ФСИН) дар моҳи марти соли 2021 гуфт, ки алайҳи шаш маҳбуси дигар низ, ки гӯё Боқиевро шиканҷа кардаанд, тафтиш оғоз кардааст.

XS
SM
MD
LG