Ба иттилои манобеъ, Овезмамад Шихмаммадов, додситони шаҳри Ишқобод баъди боздошти додситони кулли пешин Сардор Маликқулиев сурат гирифтааст.
Расонаҳои расмии Туркманистон рӯзи 2 феврал навиштанд, ки додситони шаҳри Ишқобод Шихмаммадов аз мақом барканор шудааст.
Ба навиштаи turkmen.news, Шихмаммадов ба маҳзи сабукдӯш шудан боздошт гардидааст.
Додситони кулли пешини он кишвар Сардор Маликқулӣ рӯзи 16 январи соли ҷорӣ аз мақом барканор шуда буд.
Манобеи расонаҳои Туркманистон гуфтаанд, Маликқӯлӣ низ баъд аз барканориаш боздошт шудааст.
Ҳанӯз дақиқан маълум нест, ки ду додситони Туркманистон ба чӣ далеле боздошт шудаанд.