Ссылки доступа

NYT: Русия дар ивази силоҳ дороиҳои Куриёи Шимолиро аз ҳабс озод кардааст


Русия дар ивази муҳимоти ҷангӣ ба Куриёи Шимолӣ иҷоза додааст, ки ба низоми байналхалқии молӣ дастрасӣ ёбад, инчунин қисме аз дороиҳои он кишварро аз ҳабс озод кардааст, ки таҳти таҳримҳои СММ буданд. Дар ин бора нашрияи The New York Times хабар медиҳад.

Нашрия менависад, мақомоти Русия ба яке аз ниҳодҳои молӣ иҷоза додаанд, ки аз тақрибан 30 млн доллари дар Русия банд мондаи Куриёи Шимолӣ 9 млн доллари он ба Куриёи Шимолӣ баргардонида шавад. Ин маблағҳоро, эҳтимол аст, Куриёи Шимолӣ барои хариди нафт сарф кунад. Ба ҷуз ин, Русия ба Куриёи Шимолӣ иҷоза додааст, ки дар ҳудуди Осетияи Ҷанубӣ суратҳисоби бонкӣ кушояд. Гурҷистон Осетияи Ҷанубиро ҳудуди худ медонад, ки аз сӯи Русия ғасб шудааст.

Коршиносон мегӯянд, Русия дар давр задани таҳримҳо бо эҳтиёт ба Куриёи Шимолӣ кумак мерасонад. Дар сурати даъвои СММ ҷониби Русия метавонад, посух диҳад, ки дороиҳои Куриёи Шимолиро бонки хусусӣ аз ҳабс озод кардааст ва мақомоти Русия ба ин рабте надоранд.

Манобеи The New York Times гуфтаанд, Куриёи Шимолӣ мумкин аст, дар ивази ирсоли аслиҳа ва дигар муҳимоти ҷангӣ аз Русия талаби боз кардани дороиҳои таҳти таҳримашро кардааст.

Моҳи октябри соли 2023 мақомоти ИМА хабар доданд, ки Куриёи Шимолӣ ба Русия аслиҳа ирсол кардааст. Мақомоти амрикоӣ гуфтанд, ирсоли аслиҳа аз 7 сентябр то 1 октябр сурат гирифтааст.

Мақомоти иктишофии Куриёи Ҷанубӣ гуфтанд, Куриёи Шимолӣ давоми се моҳ ба Русия барои низоми тӯпхонаӣ як миллион гулӯла ирсол кардааст.

Мақомоти амрикоӣ моҳи январ хабар доданд, ки Куриёи Шимолӣ ба Русия ҳамчунин маҷмаи мушакӣ ва мушакҳои болдор ирсол кардааст, ки ин мушакҳо дар ҷанги зидди Украина истифода мешаванд. Русия аллакай дар ҷанги зидди Украина аз ин мушакҳо истифода кардааст, гуфтанд мақомоти ИМА.

XS
SM
MD
LG