Ссылки доступа

Расонаҳо: Зеленский барои иштирок дар "G7" ба Ҷопон меравад


Владимир Зеленский
Владимир Зеленский

Интизор меравад, раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский дар нишасти "Ҳафтгонаи бузург" (G7) дар шаҳри Хиросима на онлайнӣ, балки ҳузурӣ иштирок кунад.

Дар ин бора хабаргузории "Киодо", "The New York Times", "The Washington Post" ва "CNN" бо такя ба манбаъҳои худ дар ҳукумати Ҷопон иттилоъ доданд.

Хабаргузории "Reuters" дар ин бора такя ба як манбаъ дар Иттиҳоди Аврупо иттилоъ медиҳад.

Киев то ҳол ин хабарро шарҳ надодааст. Дар маъмурияти президенти Украина қаблан гуфта буданд, ки "ҳама чи аз вазъ дар майдони ҷанг вобаста хоҳад буд".

Нишасти "Ҳафтгонаи бузург" аз 19 то 21 май дар Хиросимаи Ҷопон баргузор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG