Вакили дифои маҳкумшуда Бакит Автандил ба тарҳи "Кавказ.Реалии" гуфтааст, онҳо аз қарори додгоҳ розӣ нестанд ва ба зинаи болоӣ шикоят мекунанд.
Мовлаев мегӯяд, дар сурати ихроҷ ба ватан ҷонибдорони президенти Чеченистон Рамзан Қодиров ӯро шиканҷа хоҳанд кард. Ҷониби ҳимоятгар аз додгоҳ хоста буд, барои шахси зери ҳимояаш ҷазои ғайриихроҷ таъйин кунад.
Айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ хоста буд, ки Мовлаевро ба ду соли зиндон, бо истирдод баъди озод шудан, маҳкум кунад. Ҳарчанд моддае, ки Мовлаев бо он айбдор мешавад, истирдод аз Қирғизистонро пешбинӣ намекунад.
Пештар Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон боздошти Мансур Мовлаевро, ки шаҳрванди Русия аст, тасдиқ карда буд.
Ба иттилои мақомоти қудратии Қирғизистон, Мовлаев дар доираи фаъолияти зиддитеррористӣ боздошт шудааст. КДАМ Қирғизистон гуфт, боздоштшуда "ҷонибдори идеологияи тундгароёна аст, ки бо дастури роҳбарои созмонҳои байналхалқии террористӣ дар Сурия, шомили гуруҳи террористҳо дар Қирғизистон шудааст".
Ба иттилои КДАМ, "аъзои гуруҳ тасмим доштанд, ки ба шаҳрвандони сарватманди Қирғизистон ҳамла кунанд ва даромади молӣ ба аст оранд".
Шаҳрвандони боздоштшудаи Русия моҳи январи соли 2023 ғайриқонунӣ вориди Қирғизистон шуда ва дар ҳудуди Қирғизистон шиносномаи тақаллубии Русияро истифода кардааст, хабар медиҳад КДАМ.