Ссылки доступа

Муҳоҷирони туркман Қазоқистонро дастаҷамъона тарк мекунанд


Обхезӣ дар Қазоқистон
Обхезӣ дар Қазоқистон

Дар гузаргоҳи марзии "Гарабогаз"-и Қазоқистону Туркманистон имрӯзҳо навбатпоиҳои тӯлонӣ мушоҳида карда мешавад.

Сабаби ба миён омадани навбатпоиҳо баргаштани туркманистониҳое гуфта мешавад, ки дар Қазоқистон кору зиндагӣ мекарданд ва дар пайи обхезиҳои ахир кишварро тарк мекунанд.

"Баргаштани шаҳрвандони мо аз Қазоқистон аз ҳафтаи гузашта ба ин сӯ идома дорад. Ҳар рӯз дар гузаргоҳ навбатпоӣ мешавад. Ҳамаи онҳо дар гузаргоҳ пулакӣ санҷиши коронавирусро месупоранд. Шаҳрвандон барои гузаштан аз марз ва санҷиши коронавирус бояд ҳатман 50 доллари амрикоӣ супоранд. Дар мо ҳанӯз ҳам онҳое, ки аз хориҷ бармегарданд, аз санҷиши коронавирус мегузаранд", - гуфт як корманди гузаргоҳи "Гарабогаз" ба бахши туркмании Радиои Озодӣ ба шарти ифшо нашудани номаш.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, беш аз 10 ҳазор шаҳрванди Туркманистон дар вилоятҳои гуногуни Қазоқистон кору зиндагӣ мекунанд. Онҳо бо равидиди семоҳаи сайёҳӣ ба Қазоқистон рафта буданд ва ҳоло дар пайи обхезиҳо ба ватан бармегарданд.

Обхезӣ дар чандин вилояти Қазоқистон ҳафтаи дувум аст, ки идома дорад. Сабаби ин обхезиҳо якбора гарм шудани ҳаво гуфта мешавад. Ба иттилои расмӣ, ҳудуди 96 ҳазор сокини Қазоқистон ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шудааст.

XS
SM
MD
LG