Дар навор дида мешавад, ки ду хонанда як хонандаи дигарро дар синфхона латту кӯб мекунанд. Дар миёни онҳо зане дида мешавад, ки талоши ҷудо кардани хонандагонро надорад - эҳтимол дорад, вай омӯзгор аст.
Дар навор ҳарфҳои бегонаситезонаи наврасе шунида мешавад, ки наворбардорӣ мекунад. "Русия барои русҳост, Москва барои москвагиҳо", - садо мезанад вай.
Расонаҳои маҳаллии Петербург менависанд, ин ҳодиса дар моҳи феврали соли ҷорӣ рух додааст. Баъди ҳодиса дар ҳузури волидони духтар хонандагон аз вай узрхоҳӣ кардаанд.