Ссылки доступа

Додситонии Туркманистон гуфт, Худойрамов "худашро худ шиканҷа кардааст"


Додситонии кулли Туркманистон гуфтааст, сокини вилояти Марии ин кишвар Алламурод Худойрамов, ки дар натиҷаи шиканҷаи маъмурони пулис ҷон додааст, зери таъсири доруи "трамадол" худро латтукӯб кардааст.

"Дар рафти тафтишот роҷеъ ба захмҳое, ки дар бадани Худойрамов буданд, ташхиси судӣ-тиббӣ гузаронида шуд. Дар хулоса гуфта шудааст, захмҳо дар ҷойҳое ҳастанд, ки дасти худи Худойрамов ба онҳо мерасад. Бо назардошти механизмҳо ба вуҷуд омадани захмҳо бо дастони худи Худойрамов аз эҳтимол дур нест", - иқтибос овардааст расонаи "Turkmen.News" аз посухи муовини додситони кулли Туркманистон Раҳим Отаев ба шикояти хонаводаи Алламурод Худойрамов.

Алламурод Худойрамовро маъмурони пулис 27 ноябри соли гузашта бо гумони додани 535 қурси "трамадол" ба як ҳамдеҳаи худ барои фурӯш дастгир карданд.

Мақомот мегӯянд, ӯ таҳти пайгард қарор дошт, вале наздикони Худойрамов гуфтанд, вай аз касе пинҳон намешуд ва он рӯз барои исботи бегуноҳияш ба шуъбаи пулис рафт.

Худойрамов дертар дар боздоштгоҳи муваққатӣ ё худ "СИЗО" ҷон бохт. Ҷасади ӯро танҳо баъд аз се ҳафта ба наздиконаш супурданд.

XS
SM
MD
LG