Ссылки доступа

Гузоришҳо аз ҳамлаи Исроил ба Эрон


Тибқи гузориши расонаҳои амрикоӣ, Исроил субҳи 19-уми апрел ба Эрон ҳамла кардааст. Теҳрон ва Телавив то кунун ба таври расмӣ дар ин робита ибрози назар накарданд.

Як мансабдори амрикоӣ дар суҳбат бо шабакаи телевизионии CNN изҳор доштааст, ки Исроил ба дохили Эрон ҳамла анҷом дод. Ин мақом, ки номаш ифшо нашуда, таъкид кардааст, ки ончӣ ҳадаф қарор гирифт, муассисаҳои ҳастаӣ нест.

Пештар ҳам мақомоти амрикоӣ дар гуфтугӯ бо шабакаи ABC ва CBC аз ҳамлаи Исроил ба Эрон хабар доданд. Дар ҳамин ҳол, "Ню-Йорк таймз" ба нақл аз ду мақоми дифоии Исроил хабар дод, ки артиши Исроил субҳи ҷумъа ба Эрон ҳамла кард.

Се мақоми эронӣ низ дар гуфтугӯ бо ин расона тасдиқ кардаанд, ки субҳи ҷумъа як пойгоҳи ҳавоии низомӣ дар наздикии шаҳри Исфаҳон ҳадафи ҳамла қарор гирифт, аммо нагуфтанд, ки кадом кишвар ин ҳамларо анҷом дод.

Шабакаи Fox News ба нақл аз як манбаи огоҳи низомии Амрико дар шабакаи иҷтимоии Х навиштааст, "ҳамлаи мушакии Исроил маҳдуд буд ва бо ҳавопаймои бесарнишин анҷом шуд".

Телевизиони давлатии Эрон ҳам гузориш додааст, ки "се паҳпод", ки дар осмони Исфаҳон мушоҳида шуда буд, "дар соатҳои нахустини бомдоди рӯзи ҷумъа аз байн бурда шуд".

Фурудгоҳҳои Меҳрободи Теҳрон, Исфаҳон, Шероз ва фурудгоҳҳои ғарб, шимол-ғарб ва ҷануб-ғарби ин кишвар баста шуда буданд. Мақомоти Эрон дертар хабар доданд, ки ҳамаи парвозҳо дар Меҳробод ва фурудгоҳҳои дигари кишвар ба ҳолати оддӣ баргашт.

ИРНА, хабаргузории давлатии Эрон, бо такя ба баъзе аз каналҳои телеграмӣ аз ҳамлаи Исроил ба Сурия ва Ироқ хабар дод. Ба гуфтаи ин манбаъ, Исроил дар Сурия ва Ироқ фурудгоҳҳо ва пойгоҳҳои низомиро нишон гирифтааст.

Ҳамлаи Исроил ба Эрон дар ҳоле сурат мегирад, ки Ҷумҳурии исломӣ рӯзи 14-уми апрел дар посух ба ҳамлаҳои гуногуни Исроил, аз ҷумла ба бахши консулии сафорати Эрон дар Димишқ ва кушта шудани шуморе аз фармондеҳони Сипоҳи посдорон, ба Исроил ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподӣ анҷом дод.

Дар пайи ин ҳодиса мақомоти Исроил гуфтанд, ки ин ҳамлаи Эрон бепосух нахоҳад монд. Эрон ҳам гуфт, дар сурати ҳамлаи ҷавобии Исроил посухи сахттар хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG