Ссылки доступа

Исроил 71 фаластинии дар навори Ғазза боздоштшударо раҳо кард


Сектор Газа, январь 2024 года
Сектор Газа, январь 2024 года

Мақомоти Исроил 71 фаластиниеро озод карданд, ки дар ҷараёни амалиёти низомӣ дар навори Ғазза боздошт карда буданд. Миёни озодшудаҳо 19 зан низ ҳаст.

Дар ин бора мақомоти Ғазза хабар доданд. Маълум нест, ки ин озодсозӣ ба хотири чист.

Исроил ва гуруҳи фаластинии ҲАМОС барои сулҳ ва баргардонии гаравгонони исроилӣ гуфтугӯ доранд.

Пештар аз ин хабаргузориҳо нақшаи оташбасро дар навори Ғазза нашр карда буданд. Бар асоси нақшае, ки ҲАМОС таҳия кардааст, оташбас се марҳиларо дар бар мегирад: табодули гаравгонони исроилӣ ба зиндониёни фаластинии зиндонҳои Исроил; барқарорсозии навори Ғазза ва берун кардани артиши Исроил; табодули ҷасади кушташудаҳо. Фаластиниҳо ҳамчунин пешниҳод доранд, ки оташбас ҳадди ақал барои чаҳору ним моҳ эълом шавад.

Сарвазири Исроил Бинямин Нетаняҳу ин нақшаи ҲАМОС-ро рад кард. Нетаняҳу бори дигар гуфт, амалиёти ҷангӣ дар Ғазза то замони маҳви комили гуруҳи ҲАМОС идома мекунад.

Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен имрӯзҳо дар Шарқи Наздик қарор дорад. Вай гуфт, умедвор аст, миёни фаластиниҳо ва исроилиҳо ҳарчӣ зудтар созиш баста шавад.

XS
SM
MD
LG