Ссылки доступа

Исроил мехоҳад, порлумонро пароканда эълом ва интихоботи нав баргузор кунад


Эътилофи ҳокими Исроил мехоҳад, порлумонро пароканда ва интихоботи нав эълом кунад. Ба иттилои нашрияи "The New York Times", қарор аст, раъйпурсӣ барои пароканда кардани порлумони Исроил ҳафтаи оянда баргузор шавад.

Агар ин пешниҳод қабул шавад, аллакай тирамоҳи имсол панҷумин интихоботи порлумонии Исроил дар се соли охир баргузор мешавад.

Раиси ҳукумати Исроил Нафтали Беннет ва вазири умури хориҷии он кишвар Яир Лапид моҳи июни соли 2021 дар бораи ташкили эътилоф созиш карда буданд, ки тибқи он, ду соли аввал бояд Беннет ва ду соли дигар Лапид ҳукуматро раҳбарӣ мекарданд. Аммо ин ду дар пасманзари буҳрони порлумонӣ гумон аст, ки мавқеъҳои худро ҳифз кунанд.

Ҳукумати кунунии Исроил, ки ба ҳайати он намояндагони 8 ҳизб, аз ҷумла чапгароён, ростгароён, аҳзоби сиёсӣ ва гуруҳи арабҳо шомил ҳастанд, аз аввал мавриди интиқод қарор гирифт. Порлумон тавонист буҷаи кишварро қабул карда, дар мансабҳои калидӣ таъйинот баргузор ва муносибатҳоро бо ҷаҳони араб беҳтар кунад. Аммо миёни вакилони он ҳанӯз ҳам дар робита ба ҳамкорӣ бо кишварҳо, дин, ҳуқуқи арабтаборони Исроил ва сиёсат дар заминҳои ишғолӣ низоъ сар мезанад.

XS
SM
MD
LG