Ссылки доступа

Беш аз 100 муҳоҷир дар обҳои Италия ғарқ шудаанд


Дар соҳилҳои Италия киштие, ки дар он муҳоҷирон савор буданд, ғарқ шудааст.

Мақомоти маҳаллӣ дар Италия ба расонаҳо гуфтаанд, ки ҷасади беш аз 30 ҳалокшударо пайдо кардаанд ва эҳтимол теъдоди онҳо зиёдтар бошад.

Ҳанӯз на ҳама ҷасади ғарқшудагон аз об берун оварда шудааст.

Беш аз 40 нафари зиндамондаро ба хушкӣ баровардаанд.

Ба гуфтаи мақомот, киштӣ пеш аз расидан ба соҳил ба санги зери об бархурда, шикастааст. Дар болои он беш аз 100 муҳоҷир аз Эрон, Покистон ва Афғонистон будаанд.

Италия, яке аз кишварҳоест, ки муҳоҷирон аз кишварҳои осиёӣ ва африқоӣ бо роҳи обӣ ба хоки он худро мерасонанд, то дар кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо паноҳанда шаванд.

Аммо на ҳамаи онҳо солим то хушкӣ мерасанд. Созмонҳои байналмилалӣ мегӯянд, дар ҳафт соли ахир беш аз 20 ҳазор муҳоҷир дар обҳо нопадид шудаанд.

XS
SM
MD
LG