Ин дувумин санаде аст, ки кумитаи мазкур дар робита ба обанбор қабул мекунад. Ҳар ду санад ҳам эътирозҳоеро дар ҷомеаи Қирғизистон ба бор овардааст.
Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳифзи обанбори Кампиробод, ки аз сӯи фаъолони мадании Қирғизистон ташкил шудааст, муроҷиати бозеро ба унвонии президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук нашр кард. Дар он аз Мирзиёев дархост шудааст, ки имзои созишномаро то ҳалли баҳсҳои марбут ба Кампиробод ба таъхир гузорад.
Ҳангоми қабули санади аввал дар Кумитаи порлумонӣ оид ба корҳои байналхалқӣ, мудофиа, амният ва муҳоҷирати Қирғизистон аъзои он Адахан Мадумаров, Чингиз Айдарбеков ва Нуржигит Қодирбеков бо нишони эътироз ҷаласаро тарк карданд.
Мадумаров дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, дар тарҳи созишнома Узбекистон чанд шарти печида гузоштааст. "Мо бояд об таъмин кунем. Ҳамчунин бояд обро пок кунем", - гуфт Мадумаров.
Тарҳи созиш бо Узбекистон дар порлумони Қирғизистон пушти дарҳои баста сурат мегирад. Бархе аз вакилон мухолифи ин тарҳ ҳастанд.
Ҳафтаи гузашта бештар аз 20 сиёсатмадор ва фаъоли иҷтимоии дар Қирғизистон, ки мухолифи созиш бо Узбекистон дар мавриди обанбори Кампиробод буданд, боздошт шуданд. Мақомот онҳоро дар омодагӣ ба ташкили бетартибиҳои оммавӣ айбдор мекунанд