Ссылки доступа

Писари сухангӯи Кремл ва сарвазири Русия намехоҳанд, дар доираи басичсозӣ ба артиш пайванданд


Канали ютубии "Популярная политика" рӯзи чаҳоршанбеи 21 сентябр дар пахши мустақим ба пайвандони, ба гуфтаашон, мансабдорони баландпояи Русия занг заданд.

Худро намояндагони комисариатҳои ҳарбӣ муаррифӣ ва аз ҳамсуҳбатон хостанд, ки ба маконҳои ҷамъшавӣ дар доираи басичсозии артиши Русия ҳозир шаванд.

Нафаре, ки ровиҳои канали ютубии "Популярная политика" Николай - писари Дмитрий Пескова, сухангӯи Кремл номиданд, аз ҳозир шудан ба комисариати низомӣ худдорӣ кард. "Агар шумо донед, ки ман муҳтарам Песков ҳастам, шумо бояд дарк кунед, ки ҳузури ман онҷо дуруст нест", - гуфт Николай ва ваъда кард, ки "масъалаи мазкурро дар сатҳи дигар ҳал мекунад".

Дмитрий Песков, сухангӯи Владимир Путин, президенти Русия, дар суҳбат бо хабарнигорон рад накард, ки Николай - писари вай бо ровиҳои "Популярная политика" гуфтугӯ кардааст.

Муштарии дигар Алексей Мишустин, ки худро писари сарвазири Русия Михаил Мишустин унвон кард, дар суҳбат бо канали "Популярная политика" гуфт, мавриди басичсозӣ қарор нахоҳад гирифт. Зеро вай дар Мактаби олии иқтисодӣ таҳсил мекунад ва ҳам илова кард, ки хоҳиши ҷанг кардан надорад.

Фармони президенти Русия дар бораи басичсозии нисбии низомӣ 21 сентябр содир шуд. Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу хабар дод, ки 300 ҳазор сарбози захиравиро ба хидмати ҳарбӣ ҷалб мекунанд.

XS
SM
MD
LG