Ссылки доступа

Мақомоти қазоқу рус дар Байконур 18 касро боздошт карданд


Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон хабар додааст, ки 18 узви як гурӯҳи ҷиноиро дар шаҳри Байконур боздошт кардааст.

Тибқи иттилои кумита, дар амалиёти боздошти гумонбарон маъмурони Хадамоти федеролии амният ва Вазорати умури дохилии Русия иштирок доштанд.

Кумита афзудааст, ки боздоштҳо ҳамзамон дар шаҳрҳои Остона, Қизилӯрда ва Конаеви Қазоқистон урат гирифтанд. Ҷамъан дар чаҳорчӯби амалиёти мазкур 18 узв гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ боздошт ва аз онҳо силоҳу пул мусодира шудааст.

Гумонбарон дар одамрабоӣ, тамаъҷӯӣ, ҳамлаҳои мусаллаҳона ва дуздӣ айбдор мешаванд.

Шаҳри Байконури Қазоқистонро Русия ҳамроҳи истгоҳи парвози киштиҳои кайҳонияш ба иҷора гирифтааст. Дар ҳоли ҳозир, "Байконур" ягона пойгоҳе аст, ки Русия метавонад аз он мушакбари "Союз-2"-ро партоб кунад.

XS
SM
MD
LG