Ссылки доступа

Сухангӯи Назарбоев сафири Қазоқистон дар Русия шуд


Даурен Абаев
Даурен Абаев

Даурен Абаев, сухангӯи пешини Нурсултон Назарбоев ва собиқ муовини дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) сафири Қазоқистон дар Русия таъйин шуд.

Абаев моҳи марти соли 2023 муовини дабири кулли ИДМ таъин шуда буд. Ӯ қаблан ба ҳайси вазири фарҳанг ва варзиши Қазоқистон, муовини раиси дастгоҳи президент, вазири иттилоот, мушовири раисҷумҳури пешин Нурсултон Назарбоев ва сухангӯи ӯ кор кардааст.

Даурен Абаев моҳи августи соли 2021, ки он замон муовини раиси дастгоҳи президент буд, даъвати шаҳрвандони Қазоқистонро, ки хостанд, хидматрасониҳо дар муассисаҳои давлатӣ ва фурӯшгоҳҳо бо забони қазоқӣ роҳандозӣ шуда, дар ин замина "рейдҳо" ҳам гузаронида шавад, "миллатгароии ғорӣ" номида буд.

Эрмек Кошербоев, ки сафири Қазоқистон дар Русия буд, моҳи июни имсол раиси вилояти Қазоқистони Шарқӣ таъйин гашт.

XS
SM
MD
LG