Додситонии кулли Қазоқистон хабар дод, ки сухан аз шиканҷаи дастгиршудаҳо дар боздоштгоҳи махсуси ноҳияи Қарасайи ин кишвар меравад. Манбаъ ҷузъиёти парвандаро ошкор накардааст.
Нашрияи "Orda" бо истинод ба вакили дифоъ Рена Керимова иттилоъ дода, ки боздошти Абилбеков ба парвандаи шиканҷаи навозандаи қирғизистонӣ Викрам Рузахунов рабт дорад.
Қаблан Рузахунов хабар дода буд, ки барои шиканҷаи ӯ чор корманди пулис дастгир шудааст.
Мақомоти Қазоқистон моҳи январи соли 2022 навори Рузахуновро тавассути телевизион нашр карданд, ки дар он мусиқинавоз "эътироф" мекард, ки дар ивази маблағ дар бетартибиҳо иштирок кардааст.
Хешовандони Рузахунов ӯро дар наворҳо шинохтанд ва пушти дари сафорати Қазоқистон дар Қирғизистон гирдиҳамоӣ ва озодии ӯро талаб карданд.
Баъд аз раҳоӣ Рузахунов гуфт, мақомоти Қазоқистон ӯро бидуни далел боздошт ва латту кӯб кардаанд. Рузахунов мақомоти Қазоқистонро ба додгоҳ кашид ва ҷуброн талаб кард.