Ссылки доступа

Мансабдорони Қазоқистонро барои мувофиқат накардани дахлу харҷашон аз мақом барканор мекунанд


Сенати Қазоқистон тағйиру иловаҳо ба қонуни зидди фасодро қабул кард. Шуруъ аз соли 2027 мансабдороне аз мақом ронда хоҳанд шуд, ки дахлу харҷашон баробар нест.

Дар ин бора дар сомонаи порлумони Қазоқистон хабар дода шудааст.

Дар тарҳи тағйиру иловаҳо омадааст, ки агар номувофиқатии дахлу харҷи мансабдорони давлатӣ аз ҳаҷми ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад, мансабдор ҷарима баста мешавад.

Вале агар харҷҳои мансабдор аз нишондодҳои эъломияаш бештар аз як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо бошад, аз мақом барканор мешавад.

XS
SM
MD
LG