Ссылки доступа

Қазоқистон будубоши бераводиди хориҷиҳоро кутоҳтар кард


Мақомоти Қазоқистон қоидаҳои вуруд ва будубоши муҳоҷиронро дар ин кишвар сахттар карданд.

Тибқи қарори ахири ҳукумати Қазоқистон, муҳоҷирон метавонанд аз рӯзи воридшавии худ бидуни раводид то 30 шабонарӯз дар ин кишвар бимонанд.

Қоидаҳои нав барои шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ки Русияро дар бар мегирад, 90 шабонарӯзи будубош бе визаро дар муҳлати 180 рӯзи тақвимӣ пешбинӣ мекунанд.

Ҳаминтариқ, қоидаҳои мазкур кори онҳоеро, ки барои нав кардани санадҳои будубоши худ Қазоқистонро тарк карда, дубора ворид мешуданд, мушкил сохт. Акнун "Visa Run" (убури марз барои аз нав кардани санадҳо) номумкин хоҳад буд.

Бахши қазоқии Радиои Озодӣ иттилоъ додааст, ки қоидаҳои нав аз 26 январ ба иҷро медароянд.

XS
SM
MD
LG