Ссылки доступа

Қазоқистон мавҷудияти "рӯйхати афроди номатлуб"-ро тасдиқ кард


Ойбек Смадияров, намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон гуфт, онҳое ба рӯйхат шомил мешаванд, ки нисбати Қазоқистон бадгӯӣ мекунанд.

"Албатта, мо чунин рӯйхат дорем. Аммо ин рӯйхати корӣ аст ва онро нашр нахоҳем кард. Теъдоди афродеро ҳам наметавонам, эълом кунам, ки дар рӯйхат шомил ҳастанд", - гуфт Смадияров на нишасти хабарие дар вазорат. Вай афзуд, онҳое, ки ба рӯйхат шомил мешаванд, аз ҳаққи вуруд ба Қазоқистон маҳрум мешаванд.

Моҳи майи соли 2022 Смадияров хабар дода буд, ки вазорати хориҷии Қазоқистон Тигран Кеосаян, ровии телевизиони Русия ва шавҳари муҳаррири расонаи "Россия сегодня" Маргарита Симонянро "барои ҳарфҳояш нисбати Қазоқистон ва қазоқҳо" "персона нон грата" эълом хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG