Раҳбарияти донишгоҳ санҷиши хидматиро оғоз ва додситонии шаҳри Алмато дар робита ба ин ҳодиса бо банди нақзи ҳарими хусусӣ парванда боз кардааст.
Дар ҷадвали нашршуда, аз ҷумла ному насаби духтарон, рақами телефон, рақами мушаххаси андозсупоранда ва ташхиси духтарон оварда шудааст. Ҳамчунин натиҷаи ташхиси бакорати донишҷӯён ҳам зикр шудааст.
Дар донишгоҳ гуфтанд, ҳамшираи маркази тиббие, ки дар асоси шартнома ба муассисаи таълимӣ хидмати тиббӣ мерасонад, рӯзи 6 феврал варақаи электрониро бо рӯйхати донишҷӯёни курсҳои 3 ва 4 барои гузаштан аз озмоиш тавассути мессенҷери "WhatsApp" фиристодааст. Дар натиҷа ин маълумот ба Интернет роҳ ёфтааст.
Вазорати рушди рақамии Қазоқистон ба донишҷӯдухтарон тавсия додааст, ки ба ин ниҳод шикоят бинависанд, то дастандаркорони қазияро ба ҷавобгарӣ бикашад.