Ссылки доступа

Президенти Қазоқистон Сироежкин - олими чиншиносро афв кард


Константин Сироежкин
Константин Сироежкин

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев донишманди чиншинос Константин Сироежкинро, ки бо ҷурми хиёнат ба давлат зиндонӣ шуда буд, афв кардааст.

Сироежкин дар суҳбат ба расонаи "Информбюро" гуфтааст, ибтидои соли равон дархости афв карда буд ва моҳи июл посухи мусбат гирифт.

Сиёсатшиноси қазоқ Андрей Чеботарев хабар додааст, ки доғи судии Сироежкинро бекор ва ҳуқуқҳояш барқарор карда шудааст.

Сироежкинро Додгоҳи шаҳрии Алматои Қазоқистон 28 ноябр соли 2019 бо айби хиёнат ба давлат 10 сол аз озодӣ маҳрум кард ва ҳамчунин шаҳрвандии ӯ низ бекор карда шуда буд.

Ӯ моҳи феврали соли 2019 дар робита ба ошкор шудани сирри давлатӣ боздошт шуд. Мақомоти Қазоқистон ҷузъиёти парвандаро ошкор накарданд.

Нашрияи Wall Street Journal (WSJ) 10 июли ҳамон сол бо такя ба манобеи худ навишт, ки "эҳтимол дорад, Сироежкин ҳуҷҷатҳои махфиеро дар ивази маблағ ба ихтиёри Чин гузоштааст". Нашрияи мазкур навишт, ки мақомоти Чин парвандаи олимро "бофта унвон мекунанд".

Сироежкин ҳангоми сарвазир будани президенти кунунии Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев мушовири вай дар умури Чин буд.

Антон Морозов муаллифи бештар аз ҳазор мақола аст. Вай сар аз соли 2006 ба ин тараф дар Институти таҳқиқотҳои стратегии назди президенти Қазоқистон фаъолият дошт.

XS
SM
MD
LG