Ссылки доступа

Қазоқистон амволи як ширкати марбут ба "Роскосмос"-ро ҳабс кард


Запуск ракеты на Байконуре
Запуск ракеты на Байконуре

Дар Қазоқистон амволи ширкати русиягии "Маркази истифодаи зерсохтори кайҳонӣ дар замин"-ро ҳабс кард.

Ба иттилои нашрияи The Moscow Times, ин ширкат аз ширкати "Байтерек"-и муштараки Русияву Қазоқистон 29,7 млн доллар қарздор шудааст. Ба ин далел, амволи ширкати "Маркази истифодаи зерсохтори кайҳонӣ дар замин" аз сӯи Қазоқистон ҳабс шудааст.

Ширкати мазкур ҳақ надорад, ки дар замони дар ҳабс будани амволаш маҳсулот ва дороии онро аз Қазоқистон берун барад ва роҳбарони ширкат низ иҷоза надоранд, ки то замони ба поён расидани тафтишот ҳудуди Қазоқистонро тарк кунанд.

Ширкати муштараки Қазоқистон Русия "Байтерек" соли 2005 бо ҳадафи амалисозии барномаи муштараки кашфи кайҳон таъсис шудааст.

XS
SM
MD
LG