Фаъолони шаҳрвандии Қазоқистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз баргузории чунин чорабинӣ изҳори норизоӣ карданд ва ба вуруди ин шаҳрванди Русия ба Қазоқистон зид баромаданд.
Дар мақомоти пулиси Қазоқистон гуфтанд, тасмим дар бораи манъи вуруди Алекс Лесли баъди вокунишҳои ҷомеа гирифта шудааст.
Лесли баъди он маъруф шуд, ки дар соли 2019 ҳам дар Тайланд ва ҳам дар Русия боздошт гардид. Настя Рибка, шарики Лесли гуфт, онҳо наворҳое доранд, ки дахолати Русияро дар интихоботи ИМА собит месозад.
Тими мухолифи ҳукумати Русия Алексей Навалний он замон бо нашри таҳқиқоти журналистие гуфта буд, ки таъқиби Рибка ва Лесли бо дастури сарватманди русиягӣ Олег Дерипаска сурат мегирад. Зеро, наворҳое, ки Рибка дар бораи онҳо нақл кард, дар киштии марбут ба Дерипаска сабт шудаанд.