Ссылки доступа

Ба блогерони қазоқистонӣ пешниҳод доранд, дар ивази маблағ ба Донетску Луганск сафар кунанд (видео)


Сепаратисты в Донецке, июнь 2020 года
Сепаратисты в Донецке, июнь 2020 года

Ба блогерони қазоқистонӣ пешниҳод доранд, дар ивази маблағ ба ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск ва Луганск сафар кунанд. Алишер Еликбоев, блогери маъруфи қазоқистонӣ гуфт, ки ба вай аз номи кадом як ширкати маъруфи Русия чунин пешниҳод шудааст.

Ин ширкат ба Еликбоев пешниҳод кардааст, ба ҳудудҳои ғасбшудаи Украина сафар анҷом диҳад. Фармоишгар гуфтааст, Еликбоевро бо ҳавопаймои махсус аз Остона интиқол хоҳад дод.

Блогеров зовут за деньги в туры в так называемые "ДНР" и "ЛНР"
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:28 0:00

Фармоишгар ҳамчунин гуфтааст, ки зарур нест, аз касе таърифи тамҷид кард ва ба коре даъват кард, аммо бояд аз сокинони маҳаллӣ ва низомиҳои рус ҳимоят кард. Ба ӯ ваъдаи маблағи калонро кардаанд.

Еликбоев гуфт, ширкате ки ба вай ин пешниҳодро кардааст, дар бозори Русия чандин сол аст, ки фаъол аст.

"Онҳо омода буданд, ки маблағи ҳангуфт бидиҳанд. Аммо ин бефоида буд, зеро мо дарҳол рад кардем. Мо аз Украина ҳимоят мекунем", - гуфт блогер.

Алишер Еликбоев танҳо касе нест, ки ба ӯ чунин пешниҳод шудааст. Вай бовар дорад, ки блогерони дигар мавқеи принсипалӣ надоранд ва мумкин аст, ба ин гуна пешниҳодҳо розӣ шаванд.

XS
SM
MD
LG