Ссылки доступа

Ҳабси чандин фаъоли ҳаракати "Oyan, Qazaqstan" дар Қазоқистон


Додгоҳи шаҳри Алматои Қазоқистон 6 фаъоли ҳаракати мадании "Oyan, Qazaqstan" ("Қазоқистон бедор шав!")-ро барои иштирок дар гирдиҳамоие 15-шабонарӯзӣ ҳабс кард.

Нашрияи маҳаллии "Власть" навишт, ки фаъоли маданӣ Жанел Шахан шоми 3 январ ҳабс шудааст.

Дертар хабар дода шуд, ки додгоҳи Алмато 4 январ ҳукми ҳабси се фаъоли дигари ҳаракат Акмарал Ҷакибоева, Ойсултон Кудойберген ва Темирлан Енсебекро содир кардааст. Ҳамаи онҳо дар нақзи тартиби ташкил ва баргузор кардани ҷамъомадҳои осоишта айбдор шуданд.

Шаханро маъмурони пулис барои иштироки таҷаммуи 16 декабри соли гузашта дастгир карданд. Ҳамроҳи ӯ беш аз 10 фаъоли мадании дигар низ дастгир шуда буд, вале пулис дертар бештари онҳоро озод карда, Шахан, Бот Шарипжан ва Равкат Мухторовро ба ҳабс гирифт.

Мақомот гуфтанд, Ҷакибоева, Кудойберген ва Енсебек ба хотири иштирок дар гирдиҳамоӣ ба ҷонибдорӣ аз фаъолони боздоштшудаи ҳаракати "Oyan, Qazaqstan" ҳабс гаштаанд.

Ҳаракати "Oyan, Qazaqstan"-ро ҷавонони Қазоқистон соли 2019 баъди истеъфои президенти пешин Нурсултон Назарбоев таъсис доданд. Ҳадафи он ислоҳоти сиёсӣ, чандинҳизбӣ ва интихоботҳои одилона аст.

XS
SM
MD
LG