Ссылки доступа

Як блогери қазоқистониро барои дашном додани Путин ҳабс карданд


Диас Кузаиров
Диас Кузаиров

Додгоҳе дар Қазоқистон блогер ва фаъоли маҳаллӣ Диас Кузаировро барои ибораи "Путин құйло" 15 рӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифт. Вай ин ибораро дар пахши мустақими саҳифаи ютюбиаш ба забон овард.

Додгоҳ ӯро бо айби майдаавбошӣ ҳабс кардааст.

"Рӯзи 25 март ман ба пахши мустақим баромадам ва дар пахши мустақим ибораи "Путин құйло"-ро ба забон овардам, ки дар забони қазоқӣ ин маънои "рехтан"-ро дорад. Дар забони қазоқӣ ин мафҳум дашном ба ҳисоб намеравад", - гуфт Кузаиров дар додгоҳ.

Кузаировро пештар ҳам ба ҳабс гирифта буданд. Аз ҷумла моҳи октябри соли 2022 ӯро бо айби майдаавбошӣ 5 рӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифта буданд. Он замон вай аз русиягиҳое, ки баъди "мобилизатсия" ба Қазоқистон паноҳ бурда буданд, пурсида буд, "Қрим аз кист?".

XS
SM
MD
LG