Қарори ҳабси Жиланбоев, ки ҳизби сабтиномнашудаи "Алга, Казахстан!"-ро раҳбарӣ мекунад, 25 май содир шудааст.
Марат Жиланбоеви 60-сола дар солҳои охир мақомотро танқид ва дар эътирозҳо иштирок мекард. Ҳоло нисбат ба ӯ бар асоси ду банд, аз ҷумла "Ташкил ва иштирок дар фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ баъд аз қарори додгоҳ дар бораи манъ ё барҳам додани онҳо бо мақсади амалӣ намудани экстремизм ё терроризм" парванда боз шудааст.
Ба мурофиа, ки онлайнӣ баргузор шуд, танҳо гумонбар ва вакили дифои ӯ роҳ ёфтанд.
Дар маводи парванда омадааст, ки Жиланбоев гӯиё бо Мухтор Аблязов, роҳбари ҳаракати дар Қазоқистон мамнуи "Интихоби демократӣ" тамос дорад. Худи Жиланбоев ин иттиҳомро қотеъона рад кардааст.