Ин ду нафар, ки ному насабашон ошкор намешавад, дар “нақзи талаботи бехатарии сӯхтор, ки дар натиҷаи беэҳтиётӣ боиси марги ду ва зиёда нафар шудааст” гунаҳкор дониста шуданд.
Додгоҳ ҳамчунин маҳкумшудаҳоро вазифадор кардааст, ки ба бунёди ҷабрдидаҳо ҳамчун ҷуброн $15 860 пардозанд.
Бино ба иддаои муфаттишон, мудири "Семей Ормани" ва сардори бахши он дар Новошулбинск ҳангоми сӯхтори моҳи июни соли 2023 дар ҳудуди мамнӯъгоҳ "уҳдадориҳои худро дар робита ба хомӯш кардани сӯхтор иҷро накарда, вазъиятро нодуруст арзёбӣ кардаанд. Ҳамчунин ҳангоми хомуш сохтани сӯхтор кормандонро бо техникаҳои зарурӣ таъмин накардаанд.
Оташсӯзӣ дар ҷангали Абай, ки масоҳати он ҳудуди 60 ҳазор ҳектарро ташкил медиҳад, моҳи июни соли гузашта рух дод. Дар натиҷаи он 15 кас, 14 корманди бахши мамнуъгоҳи "Семей Орманӣ" дар ноҳияи Новошулбини ин вилоят ва як ронандаи трактор ҷон бохт.
Наздикони қурбониён гуфтанд, мақомот нимаи аввали моҳи июни имсол пайвандони онҳоро бидуни лавозимоти зарурӣ ба хомӯш сохтани сӯхтор сафарбар карда буданд.