Дар додситонии Уст-Каменогорск гуфтанд, ду мард ба ангехтани бадбинии миллӣ ва иҷтимоӣ гунаҳкор дониста шуданд. Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ ҳам барои онҳо 5 соли зиндон талаб карда буд.
Маҳкумшудаҳо гӯиё моҳи феврали соли 2024 дар шабакаи "Chatroulette" дар бораи зарурати баргузории раъйпурсӣ бо мақсади ҷудо сохтани Қазоқистони Шарқӣ аз Қазоқистон назари худро баён кардаанд.
"Дар сурати ба даст наомадани натиҷаҳои мусбат ғасби қудратро аз роҳи хушунат таблиғ кардаанд", - гуфтанд дар додситонӣ.
Маҳмкумшудаҳо дар додгоҳ пурра гуноҳро ба гардан гирифтанд.