Ссылки доступа

Ҳаракати автобусҳо миёни шаҳрҳои Қазоқистон ва Русия боз дошта шуд


Қазоқистон ва Русия ҳаракати автобусҳоро дар масири Самара - Урал ва Толяттӣ - Урал аз 29 сентябр боз доштанд.

Истгоҳи Урали Қазоқистон хабар додааст, ки ин тасмим ба хотири таъмини амнияти мусофирон дар пайи ҷамъшавии зиёди одамон дар гузаргоҳҳои марзии Русия гирифта шудааст.

"Ҳаракати автобуси Самара - Урал боз дошта шуд. Дар бораи дубора роҳандозӣ шудани ҳаракати автобус баъдан иттилоъ дода мешавад", - омадааст дар хабари истгоҳи Самара.

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин 21 сентябр "басеҷи қисман" эълон кард. Дар натиҷа ҳазорон рус кишварро тарк карданд. Бархеи онҳо ба Гурҷистон, Қазоқистон ва Қирғизистон рафтванд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон, аз оғози сафарбарӣ то рӯзи 27 сентябр 98 ҳазор шаҳрванди Русия вориди он кишвар шудааст.

XS
SM
MD
LG