Ссылки доступа

Ҳамлаи шадиди неруҳои Русия ба Киев


Киев, 16 маи соли 2023
Киев, 16 маи соли 2023

Шаҳри Киеви Украина шаби гузашта мавриди ҳамлаи шадиди мушакҳо ва бесарнишинҳо қарор гирифтааст.

Раиси маъмурияти низомии Киев Сергей Попко гуфт, ин ҳамла тавассути ҳавопаймоҳои бесарнишин ва мушакҳои эҳтимолан болдор аз чанд ҷониб якбора сурат гирифт.

Попко ҳамларо ба далели аз ҳад зиёд будани теъдоди мушакҳо "бесобиқа" номид. Бино ба маълумоти пешакӣ, бештари мушакҳо маҳв карда шудаанд.

Шаҳрдори Киев Виталий Кличко дар бораи афтидани қитъаҳои мушакҳо дар чандин ноҳияи шаҳр хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, дар натиҷаи ҳамла дар ноҳияи Соломенск се нафар захмӣ шудааст. Дар бораи талафоти ҷонӣ дар ноҳияҳои дигари Киев хабар дода намешавад.

Мақомоти Украина мегӯянд, ин ҳаштумин ҳамлаи ҳавоӣ ба пойтахти он кишвар аст. Сарфармондеҳи неруҳои мусаллаҳи Украина Валерий Залужний гуфт, Русия аз 18 навъи мушаке истифода карда, ки тавассути баҳр ва замин партоб шудаанд.

XS
SM
MD
LG