Ссылки доступа

Размоишҳои низомии Чин дар обҳои наздик ба Тайван


Чин дар пайи сафари ҳайати Амрико ба Тайван размоишҳои низомияшро якбора дар шаш қитъаи баҳрии атрофи ин ҷазира оғоз кард.

Бино ба иттилои нашрияи "The Guardian", баъзе аз қитъаҳое, ки дар онҳо размоишҳои низомии Чин баргузор мешаванд, бо обҳои ҳудудии Тайван пайваст буда ва дар наздикии бандарҳои муҳими баҳрӣ ҷойгиранд.

Ба гуфтаи як мақоми Тайван, ки номаш бурда намешавад, тақрибан 10 киштии Нерӯи дарёии Чин хати ҷудокунандаи обҳои марзииро убур карданд. Ба ҷуз ин, чанд ҳавопаймои чинӣ низ аз хати худ гузаштанд ва Тайван маҷбур шудааст, барои назорати фаъолияти онҳо низоми мушакӣ ҷойгир кунад. Ба навиштаи "The Guardian", низомиёни Тайван "бидуни алоқамандӣ ба ҷанг барои задухурди эҳтимолии мусаллаҳона омодагӣ мебинанд".

Чин дар пайи сафари ҳайате ба раҳбарии раиси Маҷлиси намояндагони Конгресси ИМА Нэнси Пелосӣ ба Тайван тамрини низомии чаҳоррӯзаро эълон кард. Вазорати умури хориҷии Чин ҳушдор дод, ки Пекин ин сафарро поймол кардани соҳибихтиёрии худ медонад ва он паёмадҳои ҷиддӣ хоҳад дошт.

XS
SM
MD
LG