Ссылки доступа

Чин бо ҳадафи муҳосираи ҷазираи Тайван размоиш оғоз мекунад


Китайские военные вертолеты, 4 августа 2022 года
Китайские военные вертолеты, 4 августа 2022 года

Артиши Чин эълом кард, ки бо ҳадафи муҳосира ва мудофиаи ҷазираи Тайван размоиш баргузор мекунад. Дар ин бора нашрияи South China Morning Post хабар дод.

Замони анҷоми размоишҳо эълом нашудааст. Нозирони байналхалқӣ аз эҳтимол дур намедонанд, ки Чин метавонад, размоишҳои низомиро дар Тайван ба таври мудовим баргузор кунад.

Пештар аз ин неруҳои мусаллаҳи Тайван размоишҳои низомиро бо истифода аз "снаряд"-ҳои ҷангӣ шуруъ карда буданд. Онҳо дар ин размоиш пасгардонии ҳамла ба ҷазираро машқ карданд. Мақомоти Тайван гуфтанд, Чин дар ҷараёни размоишҳои худ ҳамла ба ҷазираро тамрин мекунад.

Рӯзи 4 август Чин размоишҳои низомиашро бо тирпарронӣ дар обҳои атрофи Тайван шуруъ кард. Ин размоиш баъди сафари раиси палатаи намояндагони ИМА Нэнсӣ Пелосӣ ба Тайван шуруъ шуд. Пелосӣ дар 25 соли охир баландмақомтарин сиёсатмадори ИМА буд, ки ба Тайван рафт. Чин гуфт, сафари Пелосиро барҳамзанандаи истиқлолаш арзиёбӣ мекунад. Размоишҳои аввал рӯзи 7 август анҷом шуданд, аммо Чин 8 август аз оғози размоишҳои нав хабар дод.

Мақомоти Чин Тайванро қаламрави худ медонанд ва қасд доранд, онро ба ҳудуди худ шомил созанд. ИМА ба фарқ аз аксари кишварҳои узви СММ истиқлоли Тайванро эътироф намекунад, аммо зидди он аст, ки Чин ҷазираро бо зӯр шомили қаламрави худ гардонад.

XS
SM
MD
LG