Хабаргузории "Reuters" бо истинод ба 4 манбаи худ иттилоъ дод, ки шартҳои гузошташуда барои иштироки ҳайати чинӣ дар конфронс иҷро нашудаанд.
Яке аз шартҳо даъвати ҳайати Русия буд. Вазорати корҳои хориҷии Чин хоста буд, ки барои "иштироки баробари ҷонибҳо ва баррасии одилонаи пешниҳодҳо" Русия ба конфронс даъват шавад.
Қаблан президенти Украина Владимир Зеленский аз раҳбарияти Чин даъват карда буд, ки ҳайати худро ба конфронс фиристад.
Конфронс рӯзҳои 15 ва 16 июни имсол дар истироҳатгоҳи Бюргенштоки Нидвалден, дар наздикии шаҳри Лютсерн баргузор хоҳад шуд. Баргузории онро бидуни иштироки Русия худи Зеленский дархост кардааст.
Маскав борҳо гуфтааст, агар ба гуфтугӯҳои Швейтсария даъват ҳам шавад, иштирок нахоҳад кард. Зеро ба гуфтаи Вазорати умури хориҷии Русия, Швейтсария ба таҳримҳои зидди Русия ҳамроҳ шудааст.